Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохурӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия

16 апрели соли ҷорӣ  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов  Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ахмет Йилдизро, ки ҳайати кишварашро  барои ширкат дар 23-юмин нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ( 17 апрели соли 2018, ш. Душанбе) роҳбарӣ мекунад, ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати муносибатҳои Тоҷикистону Туркия, масъалаҳои таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар масоили муҳими мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳоро баррасӣ намуданд.  

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj