Тоҷикӣ | Русский | English  

Баргузории брифинги матбуотӣ бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

6 июли соли 2018 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо ҳузури хабарнигорони васоити ахбори омма брифинги матбуотӣ бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028  баргузор шуд.

Дар рафти брифинги мазкур таваҷҷуҳи ҳозирин ба ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан дар соҳаи об, баргузории Конфронси байналмилалии даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 ки мавриди пуштибонии густурдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат мекунад, ҷалб карда шуд. Ҳамчунин оид ба ҳадафҳо ва натиҷаҳои Конфронси мазкур маълумоти муфассал ироа гардида, матни суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар чорабинии мазкур шарҳ дода шуда, Эъломияи поёнии Конфронс ба самъи иштирокдорон расонида шуд.

Дар робита ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон» дар брифинги мазкур бар аҳамияти ин ташаббуси таърихӣ дар рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, эҳёи ҳунару арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва майдони мусоиде, ки ташаббуси мазкур барои ҷалби сармоягузорӣ дар арсаи сайёҳӣ, хидматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, афзоиши сайёҳон ба кишвар ва тақвияти равобити байнибашарӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон муҳайё месозад, таъкид гардид.

Дар рафти нишаст ҳамчунин оид ба паҳлӯҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, сатҳи кунунии робитаҳои Тоҷикистон бо Кувайт, махсусан бо Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб ва дигар кишварҳои арабӣ суҳбат анҷом дода шуд.

Дар поёни нишаст Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои сершумори хабарнигорон оид ба фазои иқтисодию сармоягузорӣ дар кишварамон, ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ ва ҳифзи манфиатҳои онҳо, низоми андозбандӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва металҳои ранга, ҷойгоҳи Тоҷикистон ва сайрхатҳои саёҳатии кишвар, низоми соддашудаи раводид ва дигар мавзӯҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар марҳилаи муосир посух дод.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj