Тоҷикӣ | Русский | English  

Симпозиуми байналмилалии ёдбуди Ютака Акино дар Токио

3 июли соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Япония Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии ёдбуди марги фоҷеавии олим ва сиёсатмадори японӣ, профессор Ютака Акино бо ҳузури доираи васеи иштирокчиён аз ҳисоби мансабдорони воломақоми Япония, коршиносони илмиву таҳлилгарони тоҷику японӣ баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ дар назди иштирокчиён Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно, Раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Япония ва Тоҷикистон Кэйҷи Фуруя, Муовини раиси Гурӯҳ - вакили Палатаи машваратчиёни Парлумони Япония Кэйзо Такемӣ ва ҳамкорону шогирдони Ютака Акина баромад намуданд.

Зимни баромадҳои худ онҳо дар бораи таҷрибаи арзишманд ва саҳми профессор Ютака Акино ба ҳайси олими низоъшинос ва мушовири сиёсии Миссияи нозирони СММ дар Тоҷикистон дар раванди ба даст овардани сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд.

Ю. Акино ҳамроҳ бо ҳамтоёни худ аз Полша, Уругвай ва Тоҷикистон ба таври фоҷеавӣ зимни иҷрои фаъолияти худ дар Миссияи СММ дар Тоҷикистон соли 1998 кушта мешавад ва ҳамчун яке аз саҳмгузорони рушди робитаҳои дустӣ байни ду кишвар, ки бар анъанаҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирӣ асос ёфтаанд, дониста мешавад.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар он нишаст Сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким А.Р. баромад намуда, таърих ва хусусиятҳои раванди гуфтушунид ва сулҳу субот дар Тоҷикистон, аҳамияти миллӣ ва минтақавии таҷрибаи сулҳоварӣ дар кишварро таъкид намуд. Вобаста ба барқарорсозии ҳолати баъдиҷангии Тоҷикистон ва дастовардҳои кунунии кишвар қайд намуд, ки имрӯз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз кишвари парокандаи баъдиҷангӣ ба кишвари осоиштаву рушдёбанда бо дарназардошти таъмини суботи сиёсӣ ва мушоҳидаи суръати баланди рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ табдил ёфтааст.

Зимни муҳокимаи далелҳои ҳамла нисбати профессор Акино Ютака ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафаи ҷангҷӯёни гурӯҳҳои радикалӣ иштирокчиёни симпозиум қайд намуданд, ки маҳз нафрати тундгароӣ нисбати намояндагони дигар миллату тамаддун қисми ҷудонашавандаи идеологияи тамоми созмонҳои муосири террористӣ аз Шарқи Наздик то ба Осиёи Марказиву Ҷанубӣ мебошад. Масалан, танҳо далелҳои ошкоршуда нишон медиҳанд, ки дар давоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби ҷангҷӯёни мусаллаҳи зери тобеияти ТЭТ ҲНИ ҳудуди 100 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кормандони созмонҳои байналмилалӣ, дипломатҳо, нозирони СММ, афсарони нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ, рӯзноманигорон, туристон ва ғайра кушда ва ё гаравгон гирифта шудаанд.

Маҳз ба хотири хусусиятҳои ифротгароӣ (экстремистӣ) — террористӣ, моҳи сентябри соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ-ро дар қаламрави Тоҷикистон қатъ кард ва дертар фаъолияти он дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ, СААД, СҲШ ва ғайра манъ гардид.

Иштирокчиёни симпозиум нақши махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ дар марҳилаи кунунӣ, ки аҳамияти муҳими миллӣ ва байналмилалӣ дорад, таъкид карданд. Яке аз қадамҳои муҳими Тоҷикистон дар ин самт баргузории бомуваффақияти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” аввали моҳи майи соли равон дар Душанбе дониста мешавад.

Инчунин, дар рафти симпозиум баромадкунандагон бо қаноатмандӣ густариш ва таҳкими муваффақи муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишварро аз замони барқарор намудани он дар соли 1992 таъкид намуда, саъю кӯшиш барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф чӣ дар заминаи дуҷониба ва чӣ дар шакли бисёрсамта, аз ҷумла дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» иброз доштанд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj