Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ман ба Шумо барои фиристодани номаи тасаллият пас аз ҳамлаи террористии бемантиқ, ки рӯзи 29 июли соли 2018 рух дод ва дар натиҷаи он ду шаҳрванди америкоӣ ва ду бегуноҳи дигар фавтиаанд, изҳорӣ сипос менамоям.

Ман вокуниши фаврии Ҳукуматро ҷиҳати дастгир намудани содиркунандагони ин ҷинояти зишт қадр мекунам. Ин ҳодиса баёнгари равшани зарурат ба ҳамкории амиқтар ва табодули маълумот байни кишварҳои мо дар оянда мебошад.

Ҳамла ба шаҳрвандони бегуноҳ ғайри қобили қабул аст ва мо бояд барои решакан кардани таҳдидҳои террористӣ нисбат ба ду халқи бузургамон якҷоя амал намоем. Маъмурияти ман барои мусоидат дар тафтиши ин ҳамлаи ваҳшиёна нисбат ба одамон ва тарзи ҳаётамон омода аст.

Мо бояд таҳким бахшидани риштаҳои дӯстии ду халқамонро идома диҳем ва итминон дошта бошем, ки чунин ҳамла дигар такрор нахоҳад шуд».

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj