Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи тасаллият ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷалолатмаоб,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани  теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи маргталабона ба ҷамъомади бузурги бахшида ба мавлуди набавӣ дар Кобул боиси андуҳи  ин ҷониб гардид.

Мо ин аъмоли ғайринсонии террористонро қатъиян маҳкум карда, ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба Шумо, Ҷалолатмаоб, тамоми мардуми дӯсти Афғонистон изҳор менамоем ва ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил хоҳонем. Аз даргоҳи Худованд ба ҳамаи осебдидагон шифои комилро масъалат дорем».

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj