Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Норвегия

6 декабри соли 2018 дар шаҳри Милан, Италия дар ҳошияи ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Норвегия хонум Ине Мари Эриксен Сорейде баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Норвегия, аз ҷумла масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи САҲА ва СММ, инчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj