Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Комисари Олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ

Рӯзи 6 декабри соли 2018 дар шаҳри Милани Италия дар ҳошияи иҷлоси 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Комиссари Олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ Ламберто Занниер баргузор гардид.

 Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории Дафтари Комиссари Олии САҲА бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи лоиҳаҳои минтақавии марбут ба ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.

Илова бар ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати таҷдиди санади ҳамкорӣ миёни ниҳоди мазкури САҲА ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом намоянд.

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj