Тоҷикӣ | Русский | English  

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

28 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони давлатҳо ҳамдигарро ба муносибати фарорасии Соли нав табрику таҳният гуфта, ба унвони мардуми ду кишвар табодули таманниёти нек намуданд.

Таъкид гардид, ки дар соли сипаришуда ҳамгироии дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои мухталиф дар маҷрои мусбат рушд кард.

Дар ин замина аҳамияти татбиқи мунтазами тавофуқҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон моҳи феврали соли равон, инчунин дар дигар вохӯриҳои кории роҳбарони ду давлат ба миён омадаанд, зикр гардид.

Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон доир ба талошҳои муштараки минбаъда дар самти татбиқи амалии иқтидори бузурги созандаи муносибатҳои дӯстона, ҳамҷавории нек ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қирғизистон ибрози андеша намуданд.

Зимни суҳбат ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Суҳбати телефонӣ дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj