Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти вакилон бо кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рӯзи 07 январи соли 2019 мулоқоти вакилон - Раиси кумитаи маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шарифҷон Раҳимзода ва муовини Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидзода Ҷамшед бо кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вакилон дар муқаддимаи суҳбат мухтасар аз таърихи ҷаҳонии ироа наммудани паёмҳо ба парлумонҳои дунё ёдовар шуда, зимнан ҳадафу мароми  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми олии қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олӣ  санади басо муҳим арзёбӣ намуданд.

Таваҷуҳи асосӣ ба самтхои сиёсати дохилӣ ва хоричии Ҷумхурии Тоҷикистон  равона гардид. Иброз шуд, ки соли 2018 дар ҳақиқат бо рӯйдодҳои муҳимму таърихиаш барои мардуми Тоҷикистон хотирмон буд.

Аз ҷумла, 22 марти соли 2108 татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон, ки аз ҷониби  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об пешниҳод шуда буд - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Воқеаи дигари муҳим ва тақдирсози аср - ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба ҳисоб меравад, ки ба кор шурӯъ кардани он дастоварди бузург дар  бахши муваффақ шудан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ мебошад.

Дастоварди дигари қобили мулоҳизаи ҷумҳурӣ дар соли 2018 барқарорӣ ва таҳкиму тавсеа бахшидани ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистони ҳамсоя мебошад.

Вакилон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон чандин даҳсола ҳамчун кишвари аграрӣ арзи вуҷуд дошт ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти тавсеа ва рушди соҳаи саноат ва бо мақсади  ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод гардид, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Вакилон Паёмро бо таҳлилу тафсирҳои возеҳ шарҳ дода, моҳият ва мундариҷаи аслии онро кушоданд. Мулоқот хеле шавқовару ҷолиб гузашт.    

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj