Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо Муовини вазири молияи Саудӣ

10 январ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири молияи ШАС доктор Ҳамад ибни Сулаймон Албозиъӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба лоиҳаҳои молиявӣ барои дастгирии рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Бо қаноъатмандӣ аз сатҳу муҳтавои равобити дуҷониба ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ миёни ду давлат минбаъд боз ҳам бештар густариш хоҳад ёфт.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj