Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сардори раёсати ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ироқ.

9 январи 2019 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ мулоқоти Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар Зубайдзода Зубайдулло Наҷот бо Муҳаммад ал-Ғассон, Сардори раёсати ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ироқ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ба роҳ мондани ҳамкориҳои ниҳодҳои ҳуқуқии Тоҷикистону Ироқ ва масъалаи баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон ба Ватан ва поин бурдани қимати ҷарима барои ноболиғон мавриди барраси қарор гирифт.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj