Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаимахсуси Иттиҳоди Аврупобарои Осиёи Марказӣ

15 апрели 2019 дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд “Иттисол барои рушди устувор” дар Бухарест, Руминия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо  Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ Петер Буриан мулоқот намуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуда, пиромуни Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки  интизор меравад моҳи июни соли ҷорӣ қабул гардад, мубодилаи афкор сурат гирифт.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj