Тоҷикӣ | Русский | English  

Эълони бақайдгирии намояндагони ВАО дар Конфронси ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он тавассути интиқоли ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил (Душанбе, 16-17 майи 2019)

Ба таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори омма, ки барои пӯшиши Конфронси сатҳи олӣ роҷеъ ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он тавассути интиқоли ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд, расонида мешавад, ки ҳуҷҷатҳои зерин бояд ба имейли informdepartment@mfa.tj ва pressaccreditation@mfa.tj ирсол гардад:

- нома аз ҷониби роҳбари бунгоҳи хабарӣ дар бораи аккредитатсия бо замимаи рӯйхати аъзои ҳайат ва таҷҳизоти техникӣ;
- акси 3,5x4 см, 300 dpic, JPEG;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотномаи фишурда дар бораи намояндаи расона ва бунгоҳи хабарӣ.

Муҳлати ниҳоии қабули аризаҳои намояндагони ВАО 10 майи 2019, соати 17:00 вақти Душанбе мебошад.

Барои маълумоти иловагӣ метавон бо телефони (+992 37) 221-43-69, факси (+992 37) 221-02-59, имейли: pressaccreditation@mfa.tj ба Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кард.

Маълумоти бештарро дар бораи Конфронс метавон дар сомонаи зерин дарёфт кард: http://www.dushanbeconf2019.tj/

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj