Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо намояндаи Вазорати иқтисод ва энергияи Олмон

16 апрели 2019 дар мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо роҳбари Раёсати робитаҳо бо Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубии Вазорати иқтисод ва энергияи Олмон Андреас Нойманн дар бораи имкони ҷалби зарфиятҳои Олмон ба раванди саноатикунонии иқтисоди Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷалби технологияҳои муосири олмонӣ барои коркард ва нигоҳдории сабзавоту мева, коркарди пахта ва алюминий, ҳамчунин ташкили ҳамоишҳои муштараки доираҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ширкатҳо аз ҷумлаи масъалаҳое буд, ки мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Сафири Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкориҳои мутахассисони ду кишвар дар самти арзёбии иқтисодии маъданҳои куҳӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, бо дарназардошти кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти афзоиши маҳсулоти содиротӣ даъват кард, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беҳтарсозии шароити озмоишгоҳҳои метрологӣ, пажӯҳишгоҳҳои кишвар ва такмили ихтисоси кормандони соҳа мусоидат сурат гирад. 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj