Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Қатар

14 майи соли 2018 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Қатар Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд.

 Дар ҷараёни суҳбат натиҷаҳо ва нақши Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки дар шаҳри Душанбе 3-4 майи соли 2018 бургузор шуд, барои пешбурди минбаъдаи ташаббусҳои фарогир оид ба масъалаҳои мубрами таъмини амнияти минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ гардиданд. Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Қатар барои иштироки фаъол дар чорабинии мазкур ва пешбурди ҳадафҳои Баёнияи Душанбе арзи сипос намуд.

Дар заминаи ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи конфронси мазкур барои маҳви саривақтии вабои аср - терроризму ифротгароӣ матраҳ намуданд, аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар татбиқи барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва тақвияти талошҳои муштарак ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор махсус таъкид гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунун атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф табодули назар карданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj