Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Комиссари Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд

10 ноябри соли 2017 дар ш.Самарқанд мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Комиссари Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд ҷаноби Невен Мимитса баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, роҳҳои таҳкими ҳамдастӣ дар ҷодаи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд. Намояндаи баландпояи Иттиҳоди Аврупо омодагии хешро барои мусоидат намудан дар пешбурди фаъоли лоиҳаву барномаҳои гуногунсоҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иброз намуд.  

С.Аслов ва Н.Мимитса аз сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон ҳавасмандии хешро барои таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён намуданд. 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj