Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 14-умин Ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲИ

31 майи 2019 дар Қасри Сафои  Маккаи Мукаррамаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ 14-умин Ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Убайдуллоев Маҳмадсаид иштирок намуд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҳавзаи Созмон, муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдидҳо ва чолишҳои замони муосир, ба мисли терроризму экстремизм, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар ин Ҳамоиш сарони давлатҳои узви СҲИ қатънома доир ба қазияи Фаластин ва  Баёнияи Маккаи Мукаррамаро қабул намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj