Тоҷикӣ | Русский | English  

Бақайдгирии намояндагони ВАО барои инъикоси иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии  намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии  иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод  ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 15-16 октиябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, оғоз намуд.

Намояндагони ВАО, ки майли иштирок дар пӯшиши иттилоотии  Иҷлосияи мазкурро доранд, бояд ба Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тел. 221-43-69, e-mail: informdepartment@mfa.tj) муроҷиат ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1. Номаи расмии ВАО бо дарҷи ному насаб ва вазифаи хабарнигор;

2. Сурат – андозаи 3,5х4, 300 мегапиксел, jpeg

3. Суроғаи почтаи электронӣ;

4. Шарҳи ҳоли хабарнигор;

5. Нусхаи шиноснома;

Бояд қайд намуд, ки баъд аз  бақайдгирӣ ба намояндагони ВАО бо мақсади ворид шудан ва анҷоми фаъолият дар ҷойҳои баргузории  Иҷлосия мазкур бейҷҳои номии дорои акс  супорида мешаванд.

Муроҷиати намояндагони ВАО ҷиҳати бақайдгирӣ то соати 16:00 5-уми  октябри соли 2017 қабул карда мешавад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj