Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба маблағгузории ҲРУ

18 апрели соли 2017 дар қароргоҳи СММ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувор иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронии худ, Намояндаи доимӣ таъкид намуд, ки барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор сафарбар намудани захираҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, инчунин фаъолияти дастаҷамъона ва иродаи сиёсии кишварҳои аъзои СММ аҳамияти ҳалкунанда доранд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj