Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

19 апрели соли 2017 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Гул Залмай Юнусиро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj