Тоҷикӣ | Русский | English  

Cупоридани нусхаи Эътимодномаи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лубнон

20 апрели соли 2017 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лубнон маросими супоридани нусхаи Эътимодномаи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон бо қароргоҳ дар Кувайт Зубайдов Зубайдулло Наҷотович ба Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҷуброн Басил сурат гирифт.

Баъди маросими тақдими нусхаи Эътимоднома сӯҳбати Вазири корҳои хориҷӣ  бо Сафир баргузор гардид, ки дар рафти он роҳҳои тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар, ҳамчунин самтҳои ояндадори ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷониби лубнонӣ барои кушодани сафоратҳо ва таъйини сафирҳо, ҳамзамон консулҳои фахрӣ дар давлатҳои ҳамдигар изҳори ҳавасмандӣ намуд.

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj