Тоҷикӣ | Русский | English  

Cупоридани Эътимодномаи Сафир ба Президенти Ҷумҳурии Лубнон

 21 апрели соли 2017 маросими супоридани Эътимодномаи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон бо қароргоҳ дар Кувайт З. Зубайдов ба Президенти Ҷумҳурии Лубнон Мишел Авн бо ҳузури Вазири корҳои хориҷӣ ва Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар баргузор гардид.

Пас аз маросими қабули Эътимоднома, ҳангоми мулоқот Президент  Сафирро ба муносибати оғози расмии рисолати дипломатиаш дар кишвараш табрик намуда, ба ӯ баҳри иҷрои фаъолияти пурсамар ҷиҳати густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Лубнон комёбиҳо таманно намуд.

Сафири Точикистон дар навбати худ паёму дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Лубнон расонид. Дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва зарурати ҳамкориҳои фаъолтари дуҷониба дар соҳаҳои амният ва мубориза алайҳи чолишу хатарҳои замони муосир мавриди муҳокима қарор гирифт.

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj