Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Ҷумҳурии Лаҳистон

16 майи 2017 Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳаш дар ш. Тошканд ҷаноби Петр Ивашкевичро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Лаҳистон, аз ҷумла ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб судманд табодули назар карданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj