Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария

18 майи соли 2017 Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода Сафири фавқулода ва мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қароргоҳаш дар ш. Остона, ҷаноби Урс Шмидро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҳамчунин Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон хонум Валбурга Роосс иштирок намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи кунунии рушдёбандаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии амиқро барои тавсеа ва густариши минбаъдаи робитаҳои судовар дар бахшҳои афзалиятноки мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз намуданд.
Ҳамзамон мубодилаи афкор доир ба ҳамкорӣ дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимом сурат гирифт.

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj