Тоҷикӣ | Русский | English  

Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

14 июни соли 2017 дар толори пуршукуҳи Қасри мақомҳои Маркази давлатии фарҳангии Туркманистон маросими ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ба вуқӯъ пайваст.

Сараввал, муовини Вазири фарҳанги Туркманистон Абдиева Баҳоргул Қурбонмуродовна ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зевар Маҳмудӣ аҳли толорро ба шарафи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон шодбош гуфта, оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳо ва густариши онҳо андеша ронданд.

Сипас, барномаи рангини ҳунарпешагони маъруфи тоҷик манзури беш аз ҳазор нафар шахсиятҳои мӯътабари фарҳанг, санъат, адабиёт, корпуси дипломатии муқими Туркманистон ва шаҳрвандони Туркманистон гардонда шуд.

Рақсҳои дилошӯби гулдухтарони ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, сурудҳои замонавӣ, классикӣ ва таронаҳои халқии овозхонҳои машҳур Шарофат Усмонова, Хуршед Иброҳимов, Парвин Юсуфӣ, Парвин Маҳмадёрова, Бахтиёр Баёнӣ ва ҳунари доиранавозу карнайкашон ҳозиринро ба ваҷд оварданд.

Қаблан дар Вазорати фарҳанги Туркманистон муовини Вазири фарҳанги Туркманистон Абдиева Баҳоргул роҳбари ҳайати расмӣ, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зевар Маҳмудиро ба ҳузур пазируфта, атрофи робитаҳои дуҷониба, таҳияи лоиҳаи Созишномаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат, муҳлати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj