Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон дар шаҳри Ашқобод

Шоми, 15 июни соли 2017 дар меҳмонхонаи “Йилдиз”-и шаҳри Ашқобод бахшида ба таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Соли ҷавонон, зиёфати расмӣ ва консерт баргузор гардид.

Дар маъракаи мазкур зиёда аз 150 нафар меҳмонон, аз он ҷумла Муовини Девони Вазирони Туркманистон Аннагелди Гараджаев, намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ ва фарҳанги Туркманистон, роҳбарон корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, зиёиён, мақомотҳои Туркманистон, хабарнигорон, соҳибкорон ва шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон ва эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон табрик намуд. Дар баромадаш Фаррух Шарифзода қайд кард, ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишвари дӯсти Туркманистон дар арафаи барои мардуми кишвари мо чорабинии муҳим, Рӯзи 20-ум солгарди Ваҳдати миллӣ, ки як иди муқаддас барои ҳар як шаҳрванди мамлакати мо ҳисоб мешавад, баргузор мегардад. Ин ҷашн, нишони пирӯзии сиёсати созанда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин рӯз, оғози марҳилаи нав дар таърихи Тоҷикистон, нуқтаи ҳисоби давраи нави рушди босуръат ва шукуфоии кишвари мо шуд. Имрӯз, бист сол мешавад, ки мардуми Тоҷикистон дар шароити сулҳ ва суботи пойдор ба корҳои созандагӣ машғуланд.

Сипас, Муовини Девони Вазирони Туркманистон Аннагелди Гараджаев аз номи Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов табрикот ва таманниёти неки худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат ва мардуми тоҷик бахшида ба таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон расонид.

Зимни зиёфат, барномаи рангини консертии ҳунармандони шинохтаи тоҷик, бо рақсҳои дилошӯб, сурудҳои замонавию классикӣ ва таронаҳои халқӣ табъи меҳмонҳоро хушу болида гардонид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj