Тоҷикӣ | Русский | English  

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба тасдиқи шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон

19 июни соли 2017 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Ҷэнмин бо имзо намудани Протоколи дахлдор тасдиқномаҳоро оид ба тасдиқи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон, ки 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, мубодила намуданд.

Тибқи муқаррароти моддаи 20-и Шартномаи дар боло номбурда, он дар рӯзи 30-юм баъди мубодилаи тасдиқномаҳо, яъне 19 июли соли 2017 эътибор пайдо менамояд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj