Тоҷикӣ | Русский | English  

Сафари расмии Муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо даъвати ҷониби Тоҷикистон 13 июли соли 2017 Муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Р. Мередов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

14 июл дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хоса бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам С. Аслов ва машваратҳои дуҷониба дар ҳайати васеъ доир шуданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ, вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи сиёсӣ ва иқтисодию гуманитарӣ, аз ҷумла, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, тиҷорат, маориф ва фарҳанг табодули афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2018-2019  ба имзо расонида шуд.

Тибқи барномаи сафар мулоқоти Р.Мередов бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj