Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Токио

14 июли соли 2017 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Губернатори Токио хонум Юрико Коикэ баргузор гардид.

Дар оғози сӯҳбат Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки соли ҷорӣ ҳар ду кишвар 25-умин солгарди барқарори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Японияро ҷашн мегиранд.

Зимни сӯҳбат, ки дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт ҷонибҳо таваҷҷуҳи худро ба фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун зоҳир намуданд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки муносибатҳои бародаршаҳрӣ  миёни шаҳрҳои ду кишвар  барқарор карда шаванд.

Дар партави бозиҳои дарпешистодаи олимпӣ ва параолимпии соли 2020 дар Токио ҷонибҳо оид ба масоили марбут ба варзиш ва саҳми муштарак ба рушди ҳамкорӣ дар ин соҳа табодули афкор намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар соҳаи варзиш  чорабиниҳои муштарак баргузор хоҳанд намуд.

Дар охири вохӯрӣ Сафири Тоҷикистон аз хонум Юрико Коикэ даъват ба амал овард, ки аз Тоҷикистон боздид намояд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj