Тоҷикӣ | Русский | English  

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД иштирок кард

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов 17 июли соли 2017 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Минск иштирок кард.

Зимни ҷаласа ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамкории мутақобилаи давлатҳои аъзои СААД дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, нақшаи машваратҳоро оид ба масъалаҳои амният ва мудофиа, масъалаҳои марбут ба амалисозии теъдоди созишномаҳо дар доираи СААД ва дигар масоили дорои хусусияти сиёсиву ташкилиро баррасӣ карданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин як қатор масъалаҳои ба баррасии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД пешниҳодшавандаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj