Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

20 июли соли 2017 дар ҳошияи сафари худ ба Ню-Йорк ҷиҳати иштирок дар Форуми сиёсии сатҳи баланд, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ У Хунбо мулоқот намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, алалхусус бо ниҳодҳои алоҳидаи он ба мисли Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва татбиқи саривақтии ҳадафҳои рушди устувор табодули назар намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj