Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Сафири Тоҷикистон дар маросими ёдбуди қурбониёни бомбаи атомии Нагасаки

9 августи соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ  маросими бахшида ба 72-умин солгарди ёдбуди қурбониёни бомбаи атомии Ҳирошима ва Нагасаки ширкат варзид.

Маросими ёдбуд дар Боғи ёдбуди сулҳи ш. Нагасаки, воқеъ дар наздикии маркази таркиши аслиҳаи ядроӣ, бо иштироки Сарвазири Япония Синдзо Абэ, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Япония, ходимони ҷамъиятӣ ва мардуми Япония баргузор гардид.

Иштирокчиён дар назди Муҷассамаи ёдгории ёдбуди қурбониёни бомбаи атомӣ гул гузоштанд. Баъд аз садои зангула ва бонги хатар расо соати 11:02 иштирокчиён дар назди хотираи тамоми қурбониён як дақиқа сукут карданд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири тозатаъини корҳои хориҷии Япония Таро Коно вохӯрӣ намуда, Вазирро бинобар ба ин мақоми баланд таъин шуданаш табрик намуд. Инчунин, вохӯрии Сафир бо раиси ш. Нагасаки Томиҳиса Тауэ низ доир гардид, ки зимни он арзи сипос барои даъват ҷиҳати иштирок дар маросими ёдбуд иброз гардид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj