Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Президент дар Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Урумчи бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғур Чен Чуангуо ва Раиси Ҳукумати мардумии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Шуҳрат Зокир мулоқот намуданд.

Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Чин, ки дар асоси боварӣ ва дастгирии муштарак рушду тавсеаи бештар меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо барои идомаи бобарори ин ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

 Мусоҳибон татбиқи муваффақонаи Созишномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ва тақвияти кори зеркомиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикиситон ва Ноҳияи мухтори Синзиян Уйғурро воситаи муҳими таҳкимбахши муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷчуҳ арзёбӣ намуданд.

Фаъолияти назарраси ширкатҳои бонуфузи ин ноҳияи пешрафтаи Чин дар Тоҷикикстон таъкид гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ нақши онҳо дар рушду тавсеаи муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии дуҷониба бештар гардонида мешавад.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ,молиявию бонкӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, илмию фарҳангӣ ва сайёҳӣ ба таври муфассал баррасӣ шуд. Дар ин замина барои омодасозии мутахассисони сатҳи баланди соҳаҳои гуногун дар муассисаҳои олии таълимии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj