Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Ҳамбурги Олмон

7 сентябри соли 2017 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар якҷоягӣ бо Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайни Олмон чорабинии идона бахшида ба 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинии ҷашнӣ доираҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ, корпуси дипломатӣ, намояндагони парлумони Олмон ва парлумони замини Ҳамбург, намояндаи Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ, ҳамватанони муқими Олмон ва гурӯҳи рузноманигорон ширкат варзиданд.  

Чорабинии ҷашнӣ бо садо додани сурудҳои миллии ҳарду кишвари дӯст оғоз гардида, сипас Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар назди ҳозирин дар мавзӯи “Истиқлоият – бузургтарин дастоварди миллат” баромад намуда, оид ба дастовардҳои давлату миллати тоҷик дар ин давраи таърихӣ маълумот пешниҳод намуд.

Вакили Парлумони Олмон ҷаноби Юрген Климке иштирокчиёни ҷашнвораро табрику муборакбод намуда, дастовардҳои солҳои охири Тоҷикистонро дар ҳама ҷабҳаҳо назаррас арзёбӣ намуд.

Ба ҳозирин филм-консерт оид ба имрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол намоиш дода шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён бо хушнудӣ пазируфта шуд. Ҳамзамон дар доираи ин ҷашнвора аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон ва Консулгарии фахрӣ гӯшаи фарҳангӣ, намоиши китобҳо ва расмҳо оид ба Тоҷикистон пешкаши меҳмонон гардид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj