Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон

6 октябри соли 2017 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон Азад Рагимов баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои ҷавонон ва варзиш муҳокима гардиданд.  Ҳамзамон ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии хешро дар таҳким ва густариш додани ҳамкориҳо дар ин самт таъкид намуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин соҳа тадбирҳи мушаххас андешидаанд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj