Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи Гуруҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон” дар ш.Москва доир гардид

11 октябри соли 2017 дар ш.Москва ҷаласаи Гуруҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон” дар сатҳи муовинони вазири корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Муовини вазири корҳои хориҷӣ М.Ҳақдод намояндагӣ кард.

Дар рафти ҷаласа мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мубориза бо чолишу таҳдидҳо ба амнияти минтақа, мусоидат ба кӯшишҳои Афғонистон барои барқарор намудани сулҳ ва таъмини рушди босуботи иқтисодии кишвар сурат гирифт.

Тарафҳо ҳавасмандиро ҷиҳати таъмиқи ҳамкориҳои миёни СҲШ ва Афғонистонро дар доираи сохтори машваратии мазкур, ки соли 2005 таъсис дода шудааст, қайд намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj