Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири кишоварзӣ ва озуқаи Беларус

11-уми январи соли 2018 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо Вазири кишоварзӣ ва озуқаи Ҷумҳурии Беларус, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ Леонид Заятс баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷоративу истеҳсолӣ дар асоси тавофуқоте, ки сарони ду давлат зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус 1 декабри соли 2017, мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба тиҷорату иқтисод дар семоҳаи якуми соли 2018 дар шаҳри Душанбе ва ташкил намудани  намоиши маҳсулотҳои корхонаю ширкатҳои беларусиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj