Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо Мушовири Амири Қатар

6 феврали соли 2018 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Мушовири Амири Давлати Қатар ва Вазири давлатӣ (дар мақоми муовини Сарвазир) доктор Ҳамад бин Абдулазиз ал-Каворӣ мулоқот намуд.  

Дар рафти суҳбат иқдомҳои амалӣ ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла дар арсаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангию башарӣ баррасӣ шуданд. Дар ин замина баргузории рӯзҳои фарҳангӣ, таҳкими робитаҳо байни донишгоҳҳо, осорхонаҳои миллӣ ва марказҳои илмию маърифатӣ, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи саёҳат, табодули башарӣ ва ҷавонон, татбиқи лоиҳаҳо дар арсаи рушд ва инчунин танзими намоишгоҳҳои тахассусӣ ҳамчун омилҳои муҳимми тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар арзёбӣ гардиданд.

Ҷонибҳо алоқамандии мутақобилро ба тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар арсаҳои мухталиф иброз намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj