Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи тасаллияти Президент ба Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа

11 апрели соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари суқути  ҳавопаймои низомии нақлиётӣ дар шимоли Алҷазоир, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо, бародари гиромӣ, ҳамчунин ба мардуми дӯсти Алҷазоир ҳамдардиву тасаллияти хешро изҳор намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон сабри ҷамил хоҳонам».

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj