Тоҷикӣ | Русский | English  

Маросими супоридани нусхаи эътимодномаи сафири Ҷумҳурии Мисри Араб

13 апрели соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мисри Араб  ҷаноби Иҳоб Наср ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ баргузор гардид.

Пас аз маросими эътимодномасупорӣ вохӯрии дуҷонибаи Н. Зоҳидӣ бо Сафири Миср доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишвар, инчунин ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Н. Зоҳидӣ Сафирро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбии дипломатиаш барору комёбиҳо таманно кард.

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj