Тоҷикӣ | Русский | English  

Нишасти хабарӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон

14 майи соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба баргузории муваффақиятомези Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  таҳти унвони  “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (3-4 май, Душанбе), ҳамчунин, бо мақсади иттилоърасонӣ дар бораи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (20-22 июни соли ҷорӣ, ш. Душанбе) брифинги матбуотӣ доир гардид.

Дар нишасти мазкур намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҶИЭ ва корпуси дипломатии муқими шаҳри Теҳрон ширкат карданд.

Дар оғози чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба ҳозирин дар бораи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” маълумоти муфассал дода, ба самъи иштирокдорон матни пурраи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Эъломияи Душанбе», ҳадафҳои ҷумҳурӣ аз баргузории конфронс ва натиҷаҳои он расонида шуд.

Дар идома роҷеъ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», рафти омодагиҳо ба он, мақсад ва аҳамияти баргузории ҳамоиши мазкур; масоили об, аҳамияти рӯзафзуни он, мушкилоти мавҷуда дар арсаи ҷаҳон ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин росто ва ҳадафу вазифаҳои  даҳсолаи мазкур сухан рафт.

Дар нишаст филм дар бораи захираҳои обӣ ва ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон пахш гардида, ҳамчунин, барои иштирокдорон маводи зарурӣ, аз ҷумла  СД, маҷаллаву брошураҳо дар бораи захираҳои обию диданиҳои сайёҳии кишвар пешниҳод карда шуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj