Тоҷикӣ | Русский | English  

Супоридани нусхаи экзекватура аз ҷониби Консули генералӣ

8 июни соли 2018 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Эмом С.Д. нусхаи экзекватураи худро ба Роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа Галиакбаров Венер Мухамадфатихович супорид.

Баъд аз супоридани нусхаи экзекватура, мулоқоти Консули генералӣ ва Роҳбари намояндагӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сайёҳӣ, сармоягузорӣ, илму маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ табодули назар намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот, Консули генералӣ дар хусуси эълон гардидани соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ибрози назар намуда, тавассути намояндагӣ ниҳодҳои сайёҳии Ҷумҳурии Бошқирдистонро барои ҳамкорӣ даъват намуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj