Тоҷикӣ | Русский | English  

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Минск

7 сентябр дар шаҳри Минск чорабинии тантанавӣ бахшида ба фарорасии 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарони мақомоту идораҳои давлатӣ, вакилони Парламент, аҳли илму адаб, тоҷирону соҳибкорон, кормандони Кумитаи иҷроияи ИДМ, роҳбарони корпуси дипломатӣ, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, ВАО, инчунин ҳамватанони бурунмарзӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишкадаву донишгоҳҳои кишвари иқомат таҳсил мекунанд, ширкат варзиданд.

Дар суханони шодбоши худ сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод зимни зикри муҳимтарин дастовардҳои кишвари мо, ки дар даврони Истиқлол бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон масири худро ба сӯи таҳкими амну субот, пешрафти иқтисодӣ ва рафоҳи иҷтимоӣ идома хоҳад дод.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj