Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронии намояндагони Тоҷикистон дар кори иҷлосияи ҳафтуми солона оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳои марбут ба ченаки инсонии САҲА

13 сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшава намояндагони Тоҷикистон  кори худро дар Ҷаласаи солона оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳои марбут ба ченаки инсонии САҲА идома доданд.

Дар иҷлосияи ҳафтум, ки ба масъалаҳои озодиҳои фундаменталӣ, аз ҷумла озодии андеша, виҷдон, дин ва эътиқод бахшида шуда буд, муовини сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Каримзода суханронӣ намуд.

Ш. Каримзода дар баромади худ ба таваҷҷуҳи ҳозирин роҷеъ ба такмили асосҳои ҳуқуқи озодиҳои дин ва эътиқоди динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кард. Ҳамчунин, ба иштирокчиёни ҷаласа иттилоот дар бораи талошҳо ва чораҳои андешидаи Тоҷикистон баҳри беҳтаргардонии шароитҳо барои таъмини эътиқоди динӣ ироа карда шуд.

Дар поёни ҷаласа Ш.Каримзода ба саволҳои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ посухҳои мушаххас дод.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj