Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар ш.Душанбе ба кори худ оғоз бахшид

8 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ шурӯъ намуд.

Ҷонибҳо масоили вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Созмон, аз ҷумла масъалаҳо ва лоиҳаи ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаро ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) кишварҳои аъзои СҲШ, ки 11-12 октябр дар ш.Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ ва муҳокима менамоянд.

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои аъзои СҲШ то 10 октябри соли 2018 кори худро идома медиҳад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj