Тоҷикӣ | Русский | English  

Конфронси бахшида ба густариши нави равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар санаи 04-уми октябри соли 2018 дар ш. Исломобод бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бо ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқотҳои стратеги Ҷумҳурии Исломии Покистон конфронс дар мавзӯи «Густариши нави равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон ва пайомадҳои неки он барои минтақа» баргузор шуд, ки дар он сафирон ва дипломатҳои корпуси дипломатии муқими Исломобод, доираи васеи таҳлилгарони сиёси, олимон, кормандони вазорату идораҳои давлатии Покистон, доираҳои тиҷоратӣ ва бонкии ин кишвар ва намояндагони ВАО-и он ширкат намуданд.

Сафири Тоҷикистон Шералӣ Ҷонон дар мавзӯи «Равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон ва пайомадҳои он барои минтақа» ва сафири Ӯзбекистон Фурқат Сиддиқов дар мавзӯи «Мустаҳкам шудани равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон чун сиёсати прагматикӣ ва созандаи Президенти Ӯзбекистон дар бобати ҳамҷавории нек» баромад намуданд.

Дар конфронси мазкур қайд гардид, ки маҳз бо хиради сиёсӣ, иродаи устувори сиёсӣ ва мавқеи оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марҳилаи сифатан нави муносибатҳои мутақобилаи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз ёфта, ҳамаи мушкилот ҳалли худро ёфтанд ва барои фароҳам овардан ва ташаккули шароити зарурӣ ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои мутақобила тадбирҳо андешида шуданд. Танҳо иродаи мустаҳками Роҳбарияти олии ду кишвар баҳри беҳтар шудани робитаҳои мутақобилаамон дар масъалаҳои калидии рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат намуданд ва ба онҳо имрӯз хусусияти шарикии стратегиро касб намуданд.
Баромадкунандагони дигар, аз ҷумла президенти Маркази тадқиқотҳои стратеги Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Холид Амир Ҷаъфарӣ, аъзоҳои Шӯрои Маркази мазкур Ахтар Навоз Ҷанҷуа ва Аҳмад Ашфақ Гондал ва профессори кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Баҳрияи Покистон Адам Сауд қайд намуданд, ки маҳз бо хиради азалӣ ва ибтикороти ҳар ду Роҳбарони давлат  марҳилаи сифтан нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистону Покистон оғоз ёфта, мушкилоти анқариб 20 сола ҳал гардиданд ва ба баҳсҳо ва муҳокимаҳои бесамар нуқта гузошта шуданд. Махсус қайд гардид, ки пайомадҳои ин равобит на танҳо барои рушди минбаъдаи Осиёи Марказӣ, балки берун аз он хусусан ба манотиқи Авруосиё ва Осиёи Ҷанубӣ
дар пойдории сулҳу амният, рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ, сайёҳӣ, нақлиёт ва транзит, илму маориф ва фарҳанг низ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Махсус қайд карда шуд, ки масъалаҳои печидатарин, аз қабили истифодаи захираҳои обӣ ва сохтмони иншоотҳои энергетикӣ,  баҳсҳои сарҳадӣ, рафту омади шаҳрвандон, боркашонӣ ва хатсайрҳои ҳавоӣ ҳалли худро ёфтанд, ки на танҳо таъсири бузурги иқтисодӣ хоҳад дошт, балки  омили беҳбудии  иҷтимоиву иқтисодии ҳаёти халқхои кулли минтақа ба шумор хоҳад рафта, ба рушди он мусоидат хоҳад намуд.

Баромадкунандагони давлати муқим қайд намуданд, ки бо инобати равобити печидаи байни давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ин сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти ин ду кишвар ва таҷрибаи беҳтарини давлатдорӣ ва ҳамсоягии неки байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аҳамияти хоссаро менамояд. Дар ин робита  даъват ба амал овардшуд, ки таҷриба аз  даз ҷиҳати илмӣ ва амалӣ ҳаматарафа омӯхта шуда, чун намунаи беҳтарини ҳамсоягии нек ба роҳбарӣ гирифта шавад.  

Сафири Ӯзбекистон Фурқат Сиддиқов ба самъи ҳозирин хабар дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени «Эл Юрт Ҳурматӣ» сарфароз гардонида шуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj