Тоҷикӣ | Русский | English  

Масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳсор дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дорои зиёда аз 8 миллион аҳолӣ мебошад ва 93% ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ин кӯҳҳо ба қаторкӯтоҳҳои баландтарин мансубанд. Нуқтаи пасттарини кишвар 300 метр ва нуқтаи баландтаринаш 7495 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Аз лиҳози ҷуғрофӣ, Тоҷикистон дақиқан ба се минтақа ҷудо мешавад: вилояти Хатлон, ки дар қисмати ҷанубию ғарбии кишвар ҷойгир аст; Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи кишвар, ки ба он қаторкӯҳҳои Помир низ шомиланд ва вилояти Суғд дар қисми шимолии кишвар. Дар қисми шимолии Тоҷикистон водии Фарғона, дар қисми шимолию ғарбӣ ва марказии он қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор ва Олой, дар қисми ҷанубию шарқии кишвар Помир (яке аз нуқтаҳои баландтарини ҷаҳон - қуллаи Сомонӣ баландиаш - 7495 метр) дар қисми ҷанубию ғарбӣҳамворӣ – водиҳои Вахш ва Ҳисор ҷойгиранд.

Дарозии умумии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4159,6 км-ро ташкил медиҳад. Аз он сарҳади хушкигард 2900,3 км, дарёӣ 1240,3 км, кӯлӣ 19 км ва анклавҳо 94,2 км-ро ташкил медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад ва бо ҳар яки он дар масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамчун механизми асосии ҳифзи Сарҳади давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии иқтисодӣ ва савдоии кишвар тавассути боз ҳам мукаммал гардонидани ҳифз ва идораи Сарҳади давлатӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон дар хати Сарҳади давлатӣ Стратегияи миллии идора намудани сарҳад ва Нақшаи иҷрои он, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №202 аз 29-уми апрели соли 2010 тасдиқ гардидааст, баромад мекунад.

Самти дигари муҳими фаъолият, ки аз санадҳои байналмилалии ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ин безараргардонидани минаҳои зиддипиёдагард дар хати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсарҳад ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастрас намудани кӯмаки техникӣ ва ақлонӣ дар соњаи сарҳадӣ бо кишварҳои зиёди хориҷӣ, ба монанди Федератсияи Россия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ғ., ҳамчунин бо созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ғ. ҳамкорӣ менамояд.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарҳадӣ барномаву лоиҳаҳои зиёд, аз қабили Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат дар соҳаи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА), лоиҳаи ХАСК/22 оид ба “Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари афғонӣ тавассути хатсайри шимолӣ тариқи мустаҳкамгардонии иқтидори гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва таъсиси дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ”, лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “оид ба мусоидат дар идора намудани сарҳадоти Афғонистони шимолӣ” (БОМНАФ) ва ғ. амал менамоянд.

 

Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой
Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон
Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Стратегияи миллии идора намудани сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон на Нақшаи иҷрои он
Безараргардонии минаҳои зидди пиёдагард
Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат дар идораи сарҳад дар Осиёи Марказӣ (БОМКА)
Лоиҳаи ХАС/К22
Лоиҳаи мусоидат дар идора намудани сарҳадоти Афғонистони шимолӣ (БОМНАФ)

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj