Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо Дабири кулли Паймони Неру

16 майи соли 2017 дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Паймони Неру Урбан Руснак вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Паймони Неру матраҳ гардиданд.

Аҳамияти муҳокима ва табодули таҷриба бо Паймони Неру оид ба масъалаҳои вобаста ба амнияти энергетикӣ, инчунин нақши муҳими ин созмон дар самти талошҳо ҷиҳати бунёди чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ барои таъмини амнияти глобалии энергетикӣ таъкид карда шуд.

С.Аслов ба Дабири кулли Паймони Неру барои дастгирии лоиҳаи CASA-1000 арзи сипос карда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар рушди соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Мусоҳибон ҳамчунин доир ба имконияти ҷалби Паймони Неру дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Иттиҳоди Аврупо дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj