Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи 3-юми гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ

14-уми июни соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ баргузор гардид. Аз ҷониби Тоҷикистон ҳайати гурӯҳи муштаракро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ раҳбарӣ кард ва ҳайати Ҳиндустонро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Маҳавир Сингви.

Ҳайатҳо оид ба таҷрибаи миллии кишварҳо дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккилона табодули назар карданд. Ҳамчунин мубодилаи афкори судманд атрофи масоили арзёбии таҳдидҳои террористӣ дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

Ҷонибҳо оид ба аксарияти масъалаҳои мубрами вобаста ба таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамназарии худро иброз намуда, ба зарурати ҳамкориҳои муассири сохторҳои марбутаи ду кишвар дар самтҳои зиддитеррористӣ ва зидди маводи мухаддир таъкид карданд.

Рӯйкарди умумии мубориза бо падидаи террористҳо-ҷангҷӯёни хориҷӣ муайян карда шуда, дар ин замина, масоили радикализатсияи аҳолӣ ва тадбирҳое, ки барои муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар фазои иттилоотӣ (расонаӣ) андешида мешаванд, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ҷониби Ҳиндустон пешниҳод кард, ки барои мутахассисони Тоҷикистон давраҳои омӯзишии махсус дар соҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ ташкил карда шаванд.

Тарафҳо дар мавриди афзоиши ҳамкориҳои зиддитеррористӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай ба мувофиқа расиданд.

Ҳамчунин табодули афкор оид ба дигар масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон сурат гирифт.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар шаҳри Деҳлии Нав баргузор мегардад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj