Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Карен Карапетян

15 июни соли 2017 дар шаҳри Ереван дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Карен Карапетян мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳарду ҷониб ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноату сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг ва ҳифзи табиат, ки дар заминаҳои меъёрию ҳуқуқии беш аз 30 санади ҳамкорӣ асос ёфтааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат хостори рушди боз ҳам судманду созандаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо ҷумҳурии дӯсти Арманистон шуда, таъкид доштанд, ки мо ба ояндаи неки ин робитаҳо ва татбиқи амалии санадҳои қаблан баимзорасида умеди зиёд дорем.

Таъкид гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои нек Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодию тиҷоратӣ метавонад заминаи боэътимод гузорад.

Дар ҷараёни мулоқот соҳаҳои саноати нассоҷӣ, воридоти технологияи муосири саноатӣ, коркарди металлҳои қимматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот, ҳамкорӣ дар бахши туризм ва дар соҳаи технологияи телекоммуникатсионӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои гуманитарӣ, фарҳанг, илму маориф, ба роҳ мондани робитаҳои судманд бо аҳли зиё изҳори ҳавасмандӣ карданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj